Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУЗАНЗАНӢ

СУЗАНЗАНӢ

СУЗАНЗАНӢ, иглотерапия, иглорефле-ктотерапия, як навъ усули бо роҳи ба нуқтаҳои муайяни пӯст халондани сӯзави борик (аз тилло, нуқра, платина ё пӯлод бо мақсади муолиҷаи бемориҳо месозанд; дарозиашон аз 1,5 то 12 см).

suzanzani

Сузанзанӣ дар тибби Хитой, Ҳиндустон, Эрону Тӯрон ва Япония аз қадимулайём маълум буд. Дар СССР Сузанзанӣ аз охири солҳои 50 асри 20 ҷорӣ шуд. Маркази илмию методии Сузанзанӣдар СССР Инститкти иглорефлектотерапияи Вазорати нигаҳдории тандурустии СССР ба шумор меравад. Дар бадани одам 664 нуқтаи Сузанзанӣ мавҷуд аст. Аз таъсири Сузанзанӣ барангезиши мӯътадили шохаҳои хассоси асаби пӯст, мушак ва рагҳо ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа фаъолияти системаи асаб, узву бофтаҳо ва ҳосилшавии гормояҳою моддахои фаъоли биологӣ беҳтар мегардад. Сузанзаниро хангоми табобати бемориҳои органикию функционалии системаи асаб (неврит, невралгия, радикулит, невроз), инчунин як қатор бемориҳои узвҳои дохилӣ (гастроэнтерит, колит, захми меъда, зиққи нафас), аллергия ва ғайра истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон Сузанзанӣ аз соли 1934 истифода мешавад. Солҳои 1973—74 дар назди кафедраи бемориҳои асаби Институти давлатии тиббии Тоҷикистон курси ибтидоии омӯазши Сузанзанӣбарои духтурон, соли 1974 дар назди Ҷамъияти республикавии невропатологҳо вапсихиатрҳо секцияи Сузанзанӣ ташкил шуд. Дар шӯъбаҳои неврология беморхонаҳо ва поликлиникаҳои шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятии республика кабинетҳои Сузанзанӣташкил карда шудаанд. А. М. Пӯлодов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …