Маълумоти охирин

СУЗАН

suzan

СУЗАН, олати фӯлодин борику нӯгтезеро гӯянд, ки дар дӯзандагию истеҳсолоти трикотаж, тиб, полиграфия ва ғайра истифода мешавад. Сузанҳои дӯзандагии мошин ва дастӣ мавҷуданд. Дар мошинҳои дӯзандагӣ Сузанҳои цилиндршакли нӯгашон конусӣистифода мешаванд. Баъзан Сузанҳои махсусро истифода мебаранд, ки тавассути онҳо дар чарм, клеёнка, матоъҳои ғафс ва ғайра сӯрохиҳои гуногуншакл (байзашакл, ромбшакл, серӯя, мураббаъ ва ғайра) ҳосил мекунанд. Сузанҳоро рост ва каҷнӯг месозанд, диаметри онҳо аз 0,25 то 4,0 мм мешавад. Сузанҳо аз руи ракамашон фарқ мекунанд (масалан, № 60— диаметраш 0,60 мм, № 120 — диаметраш 1,20 мм). Сузанҳои дастӣ вобаста ба дарозӣ ва диаметр рақамҳои гуногун доранд. Масалан, Сузанхои аз № 1 то № 9 аз 0,6 то 1,0 мм ғафсӣ ва то 50 мм дарозӣ доранд. Пештар Сузанҳоро сузангарон тайёр мекарданд. Ҳоло дар СССР ЯКЧАНД заводҳои сузансозӣ мавҷуданд (масалан, заводисузансозии Колюбакинск дар вилояти Москва). Дар тиб барои дӯхтани ҷокҳои ҷарроҳӣСузанҳои гуногун истифода мешаванд. Сузани кандакорӣ милаи борики фӯлодиест, ки нӯгаш шакли муайян дошта, ба дастаки чӯбин шинонда мешавад. Сузани патефон низ якеаз навъҳои маъмули Сузан мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …