Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон ибни Камол ибни Абӯбакр ибни Муҳаммад (1445, Қоҳира —1505), забоншинос ва муаррихи араб. Зиёда аз 300 асар навиштааст. Дар асари машҳури ӯ «Ал-Музҳир фӣ улум-ил-луға» (падараш 1865, Миср) асосҳои фалсафӣ ва таркиби луғавии забони арабӣ ва робитаи он бо дигар забонҳои сомӣ мавриди омузиш қарор гирифтаанд. Асарҳои дигари Суютӣ «Ал-Ашбоҳ ва-ш-назоир» (4 ҷидд, нашраш 1899, Ҳайдаробод) ва «Ҷамъ-ул-ҷавомеъ » (2 ҷилд, 1909) роҷеъ ба грамматикаи забони арабӣ баҳс мекунанд. Муҳимтарин осори таърихии Суютӣ «Табақот-ул-ҳуффоз», «Табақот-ул-муфассирин» мебошад. Як қисми асари ӯ «Табақот-ун-наҳвийин» соли 1940 дар Париж нашр шуд, қисми дигараш бо номи «Буғят-ул-вуъот фӣ табақот-ил-луғавийин ва-«-нуҳот» дар Қоҳира (1908) ба табъ расидааст.

Адабиёт: Xаннаал-Фахури, История арабской литературы, Москва, 1961.

Ф. Исаева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …