Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи СУХ

Дарёи СУХ

СУХ, дарёест дар вилояти Уши Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Ресспубликаи Советӣ СотсиалистииУзбакистон. Аз нишебиҳои шимолии қаторкуҳҳои Олой ва Туркистон ибтидо меёбад. Тӯлаш 176 нм, масоҳаташ ҳавзааш 2480 км2 Дарё баъди аз кӯҳу адирҳо гузаштан ба водии васеи Фарғона мебарояд ва дар он ҷо ба чандин шохаҳо тақсим мешавад. Манбааш— пиряху барф. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна 42,1 м3/сон. Дар Сух ГЭС-и Ухии, гидроузелҳои Сариқурғон ва Қӯқанд сохта шудаанд. Дар соҳилҳои Сух шаҳри Қӯқанд ва курортҳои Чӯнғора, Сариқӯрғон, Ухчи воқеанд.

sux-r

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …