Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУВОРОВ Александр Васильевич

СУВОРОВ Александр Васильевич

СУВОРОВ Александр Васильевич (43. 11. 1729 ё 1730, Москва—6. 5. 1800, Петербург), графиРымник (1789), князиИталия (4799), сарлашкари рус, генерали ссимус (1799).

suvorov-alexander

Бо роҳбарии падараш генерал Василий Иванович Суворов (1705—75) артиллерия, фортификация, таърихи ҳарб ва забонҳоя хориҷиро омӯхт, худро бо машқҳои ҷисмонӣ обу тоб медод. 1748 ба сифати капрал дар лейбгвардияи полки Семёнов ба хизмат сар карда, соли 1754 рутбаи офицерӣ гирифт ва поручики полки пиёдагард таъин шуд. Соли 1762 ба ӯ рутбаи полковникӣ доданд, командири полкҳои пиёдагарди Астрахан, Суздал буд. Дар Полша ба муқобили қӯшунҳои Конфедерасияи Бар ҷангид, дар шаҳрҳои Орехово (1769), Ландокруно, Столовича (1771) душманро шикаст дод ва қалъаи Краковро ишғол кард (1772). Соли 1770 ба Суворов рутбаи генерал-майорӣ доданд. Соли 1772 командири дивизияи Санкт-Петербург шуд. Соли 1773 бо хохиши худ дар ҷанги Россияю Туркия иштирок кард. Моҳи май — шони 1773 отряди Суворов ду бор аз Дунай гузашта, армияи туркҳоро дар Тӯрттӯғай шикастдод. Солҳои 1774—86 ба дивизияҳо ва корпусҳо фармондеҳӣ кардааст. Соли 1786 ба Суворов рутбаи генерал-аншефӣ доданд. Дар аввали ҷанги Росияю Туркия (1767—91) дар наздикии Кинбурн (октябри 1787) десанти туркҳоро торумор кард. Августи 1794 ба пахш кардани шӯриши Полша рафт. Соли 1797 барои ба фармони император Павели I итоат накардан ба губернияи Новгород бадарға шуд. Ба муносибати ташкил шудани коалисияи 2-юми зидди Франция Павели 1 феврали 1799 Суворовро сарфармондеҳи қӯшуни рус таъин кард. 29 июли 1942 Президиуми Совети Олии СССР ордени ҳарбии Суворов (3 дараҷа) таъсис намуд. 21 августи 1943 бо қарори СКХ СССР ва Комитети Марказии ВКП(б) омӯзишгоҳҳои Суворов ташкил ёфтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …