Маълумоти охирин
Главная / Илм / «СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ» рисолаи астрономии Абдурраҳмони Сӯфӣ. Соли 965 ба забони арабӣ таълиф шуда, тафсир ва вазъи 21 бурҷи Нимкураи шимолӣ, 12 бурҷи дувоздаҳгона ва суратҳои асотирии онҳоро дар бар мегирад (тасвираш дар мақ. Осмон). Дар «Сувар-ул-кавокиб» координатҳои 1022 ситора дарҷ гардидааст. Феҳристи Абдурраҳмони Сӯфӣ баъди феҳристи Гиппарх (асри 2 то мелод) нисбатан саҳеҳтар аст. Берунӣ (нигаред 3иҷи Берунӣ) ва Алоуддини Қушчӣ (нигаред Зиҷи Кӯрагонӣ) аз «Сувар-ул-кавокиб» истифода бурдаанд. Насируддини Тӯсӣ соли 1245 бо далолати дӯстонаш «Сувар-ул-кавокиб»-ро аз арабӣ ба форсӣ гардонд. (акси онро муаррихи эронӣ Муиззуддиви Мадҳавӣ соли 1973 дарҷ кард). Як нусхаи арабии нисбатан қадимтари «Сувар-ул-кавокиб», ки соли 1012 писари Абдурраҳмови Сӯфӣ рӯнавис кардааст, дар филиали ленинградии китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР таҳти рақами С 724, дар нусхаи арабии «Сувар-ул-кавокиб» бо тарҷумаи фравсавиаш (соли 1874 дар Санкт-Петербург нашр шуд) дар захираи даствависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфуз аст. «Сувар-ул-кавокиб»-и Абдурраҳмони Суфи дар омӯхтани таърихи астрогаомия ва истилоҳоти он аз муҳимтарин манбаъҳост.          Н. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …