Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУТУНМӮҲРА

СУТУНМӮҲРА

СУТУНМӮҲРА, аррапушт, нухоъ, сутуни фақарот, қисми асосии скелети меҳварии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд. Ба қадри ба шароити хушкӣ мутобиқ гардидани мавҷудоти мӯҳрадор бештар ба Сутунмӯра такя мекардагӣ шуданд. Зарурати устувор гаштани Сутунмӯра боиси пайдоиши пайвандҳои байнимӯҳраҳо гардид. Ғайр аз ин Сутунмӯраҳароммағзро муҳофизат мекунад. Сутунмӯраро ба якчанд қисм (аз ҷонварони мӯҳрадори дараҷаи паст то мӯҳрадорони дараҷаи олӣ) ҷудо мекунанд. Сутунмӯраи моҳиҳо аз 2 (тана ва дум), мӯҳрадорони хушкигард 4—5 (гардан, сина, миён, чорбанд ва дум) қисм иборат аст. Зарурати ҳаракати сар боиси пайдо шудани қисми гардании Сутунмӯра (қабурғаҳояш суст ё нест) гардид. Ду мӯҳраи аввали гардани амниот (атлант ва эпиотрофей) шакли махсус доранд ва хамуростшавию гардиши сарро таъмин менамоянд. Қисми синагии Сутунмӯра дорои қабурғаҳои инкишофёфтаест, ки аксари онҳо босарсина пайваст шуда, қафаси синаро ташкил менамоянд. Қисми миёнии Сутунмӯра аз бақияи қабурғаҳо иборат буда, нисбат ба Сутунмӯраи сина серҳаракат мебошад. Дар ҳамаи мӯҳрадорони хушкигард қисми чорбандии Сутунмӯра инкишоф ёфтааст. Мӯҳраҳои чорбанд ба кос тавассути қабурғаҳои дигаргуншуда сахт пайваст шуда, чорбанд ҳосил менамоянд. Қисми дуюмии Сутунмӯра одатан серҳаракат буда, вазифаи гуногунро иҷро менамояд. Ин қисми Сутунмӯра махсусан дар хазандаҳо нағз инкишоф ёфтааст. Сутунмӯҳраи думи хазандаҳо аз мӯҳраҳои бисёр иборат буда, аҳамияти калони ҳаётӣ дорад.

Сутунмӯраи одам аз 5 қисм иборат аст: гардан (7 мӯҳра), сина (12), миён (5), чорбанд (5 мӯҳраи бо ҳам васлшуда) ва думғоза (3—4 мӯҳраи бо ҳам часпида). Сутунмӯраи одам барои ҳароммағз омили муҳофиз мебошад. Шакли Сутунмӯраи одам ба ростгардӣ мушофиқ аз боло ба поён мутаносибан ғафс мешавад ва каҷи (дар қисмҳои гардан ва миён ба пеш-лордоз ва дар қисмҳои сина ва чорбаяд ба қафо-кифоз)-ҳои такроршаванда дорад (нигаред расм). Дар чунин сохт як қисми вазни бадани одами ростистода аз мӯҳраҳо ба бандакҳои наздимуҳрагӣ дода мешавад. Чунин каҷиҳои Сутунмӯра таъсири зарбаҳои ба роҳгардӣ ва давидан вобастаро бартараф мекунад. Ба туфайли нарм пайваст шудани мӯҳраҳо одам ба пешу қафо ва паҳлуҳо хаму рост шуда, печутоб хӯрда метавонад. Дар Сутунмӯраи одам мӯҳраҳои гардан ва миён нисбатан серҳаракат ва сина камҳаракатанд.

Иллатҳои Сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаю пешгирии онҳоро ортопедия ва травматология меомӯзанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …