СУТУН

sutun

СУТУН, як ҷузъи иншооти меъморист, ки иборат аз поя, тана ва боша буда, сақфи хонаро нигоҳ медорад. С. аа чуб, санг ва хишти пухта, металл ё оҳану бетон сохта мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қадимтарин Сутуни сангин (асри 13) дар ёдгории меъмории Ҳоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (деҳан Угуки ноҳияи Ғончӣ) боқӣ мондааст. Сутунҳои ин ёдгорӣ нӯкборик, пояаш мудаввар, шаштарка, чоркалид (гули шамшод) буда, кандакорӣ шудаанд. Боз пойсутунҳои сангини мудаввар, росткунҷа ва мураббаъ боқӣ мондаанд, ки Сутунҳои чӯбинро ба рӯи он устувор мекардаанд. Намунаҳои маҳфузмонда (асрҳои 15—49) гувоҳӣ модиҳанд, ки дар меъмории шаҳру деҳоти Осиёи Миёна пойсутунҳои мунаққаши мармарӣ маъмул будаанд. Сутунҳои аз мармари сафеди Ғазғон (ноҳияи Нурато, вилояти Навоӣ) яклухт тарошида низ дучор мешаванд, ки нақшҳои гиреҳ, ислимӣ ва катибаҳо доранд. Дар гушаҳои сағонаҳои мармарӣ Сутунҳои хурд вомехӯранд (асрҳои 15—16). Дар Осиё Миёна якчанд намуди Сутун машҳур буд: убайдӣ, росттана ва гуногуншакл (бисёрраха, ангиртакдор, кандакорӣ ва ғайра). Сутунҳои убайдӣ дар ёдгориҳои меъмории мазори Ҳазрати Шоҳ (асрҳои 10—12, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) истифода шудаасг. Он бо нақшҳои мураккабу назаррабо мисли навда, меҳроб, чорбарг, холгул — тугма ва ғайра оро ёфтааст. Аз рӯи маълумоти бостоншиносон ин гуна Сутунро дар замонҳои қадим болои пойсутунҳои сангин устувор кардаанд. Сутуни нақшин аз тана, кӯзагӣ ва пойсутуи таркиб ёфта, дар санъати меъмории асрҳои 7—20-и Осиёи Миёна маъмул буданд. Дар меъмораи тоҷик Сутунҳои бебоша ва бошадор машҳур буданд. Бошаҳои таркибиро калламуқарнас меноманд. Ин гуна бошаҳо бо нақшҳои пурпечутобу хушобуранг зинат дода мешуданд (Сутуни масҷидҳои Ӯротеппа, Исфара, Ленинобод, Конибодом ва ғайра). Танаи Сутунро суфта ё кандакорӣ мекарданд ва онро сутуни шамъӣ, сутуни рахдор ва ғайра меномиданд. Сутун аз 8 то 16 рах дошт. Дар Ӯротеппа бештар Сутунҳои шашраха маъмул буданд. Танаҳои «тофташуда»-и Сутунро морпеч меномиданд. Дар ил навъҳои Сутун кура ба шакли кӯзагӣ, қумгонӣ, шалғамӣ, тарбузӣ, тухмӣ зинат дода мешуд. Дар шимоли Тоҷикистон рӯи кураи Сутунҳо мадохилҳо (3—5 ё зиёда аз ин ороишоти баргшакл) зинат меёфтанд. Кураи Сутунҳои Ҷануби Тоҷикистон бошад, муқаррарӣ буда, ороишот надорад.

Сутунҳои росттанаи мудаввар дар меъмории тоҷик чандон маъмул набуданд. Миқдори ин гула Сутунҳо хеле кам аст. Намунаи барҷастаи он Сутуни чӯбини деҳаи Куруд (асрҳои 10 —12, ноҳияи Айнӣ, ҳоло дар Музеи муттаҳидаи республикавии таърихию кишваршиносӣ ва санъати тасвирии Душанбе) мебошад. Сутуни «тофта» ва Сутунҳои дигари масҷиди ҷомеи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара (ибтидои асри 19) аз ҳамин қабиланд. Ибтидои асри 20 баробари навъҳои анъанавӣ, дар биноҳои истиқомативу ҷамъиятни Осиёи Миёна Сутунҳои чӯбини  чортарош маъмул гардиданд, ки онҳоро дар байни халқ сутуни русӣ меноманд.

Адабиёт: Писарчин А. К., Народная архитектура Самарқанда, Душанбе, 1975; Рузиев М., Искусство таджикской резьбы по дереву, Душанбе, 1976.  М. Рӯзиев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …