Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУСЛОВ Михаил Андреевич

СУСЛОВ Михаил Андреевич

suslov-m-a

СУСЛОВ Михаил Андреевич (21. 11. 1902, деҳаи Шаховское, ҳоло райони Павлови вилояти Ульянов — 25.1. 1982, Москва), ходими Партияи коммунисти, Давлатӣ Советӣ, ду карат Қаҳрамонн Меҳнати Социалистӣ (1962, 1972). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1921.

Солҳои 1931—-36 дар Комиссияи марказии назорати ВКП(б) ва Комиссариати Инспексияи коргару деҳқон (КМН- ИҚД), Комиссияи назорати советии назди СКХ СССР кор кард. Солҳои1939—44 котиби якуми Комитети партиявии кишвари Ставропол. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45) аъзои Совети ҳарбии гурӯҳи Шимолии қӯшунҳои Фронти Закавказия ва сардори штаби отрядҳои партизанни кишвари Ставропол буд. Аз охири соли 1944 раиси Бюрои Комитети Маказии оид ба Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Литва. Аз соли 1947 коти)би Комитети Марказӣ ва сармуҳаррири газетаи «Правда» (1949—50). Аъзои Комиссияи марказии тафтишот (азсоли 1939), аъзои Комитети Марказӣ (аз соли 1941). Аз июли 1955 аъзои Президиуми Комитети Марказӣ, аз апрели 1966 аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1—10-ум). Солҳои 1950—54 аъзои Президиуми Совети Олии СССР, аз соли 1954 раиси Комиссияи оид ба корҳои хориҷии Совети иттифоқ. Муаллифи асарҳо оид ба масъалаҳои идеология, ҳаракати коммунистӣ, коргарӣ, миллию озодихоҳӣ ва ғайра. Бо 5 ордени Ленган, орденҳои Революцияи Октябрь, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1) ва ғайра мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …