Маълумоти охирин

СУС

СУС, буя, мия, суси ширин, дори ширин, сускаҳ, матк, ширинбуя, ширинмия (Glycyrrhiza glabra), гиёҳи бисёрсолаи шириyбехи доруист аз оилаи лӯбиёиҳо. Одатан 20—150 см (баъзан то 2 м) қад мекашад. Пояаш рост, мустаҳкам, баргаш пармонанд (дарозиаш 5—20 см), мураккаб, яъяе аз 3-10 ҷуфт баргчаҳои дарозрӯяи байзашакл ё нештаршакли одатан часпак (дарозиаш 1,5—5 см, бараш 1—2,5 см) иборат аст. Гулаш гулобии сафедча ё бунафш (дарозиаш 5—13 мм), гулбаргаш парвонашакл. Ғилофакаш дароз (1,5—3,5 см), 1—8-тухма, тухмаш майдаи гирда, баъзан гурдашакл, ҷигарранг ё бӯртоби ҷилодор (аҳ 1 га сусзор аз 135 то 1166 кг тухм ғундоштан мумкин аст). Май-июн гул карда, июль — октбр тухм мебандад.

sus

Дар соҳили дарёҳо, рӯду ҷӯйбор, туғайзори дарёбод, киштзору боғ, теппаҳои зардхок, мавзеъҳои серрутубати нишебиҳои минтақаи миёнакӯҳ, шӯразмин ва ғайра месабзад. Дар Тоҷикистон (қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикиотони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ) асосан дар дарёбоду доманакӯҳҳо (350—1600 м аз сатҳи баҳр) нумӯ мекунад. Соли 1966 олимони Институтити ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон захираи сусзори ҷануби республикаро тадқиқ намуданд. Маълум шуд, ки 5677 га сӯсзор аст. Захираи бехи Сус («ширинбех» ё «бехи зардрӯй») ба 31200 т (тар) мерасад. Соле 6240 т (тар) ё 2496 т (хушк) ширинбех (дар давоми 5 сол) ҷамъ овардан мумкин аст. Дар доманакӯҳҳо низ (ноҳияҳои Орҷоникидзеобод, Данғара ва Кӯлоб) қариб 5 ҳазор га сусзор ҳаст.

Сус гиёҳи доруии қадимист. Давоӣ будани он ба Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино маълум буд. Сус ба монанди мардумгиёҳ машҳур буд. Сусро барои тайёр кардани доруҳои гуногун истифода мебурданд.

Абӯалии Сино бо қиёми ғализи бехи Сус зиққинафасро табобат мекард. Бӯалӣ навишта, ки Сус найчаҳои шушро нарму тоза, овозро соф мекунад, ба шушу гулӯ муфид аст, захми пешобдону гурда ва табларзаи куҳанро барҳам медиҳад. Қиёми бехи он давои исҳоловар аст.

Дар тибби халқии тоҷикон Сусро ҳангоми қабзияти узвҳои нафас, ташаннуҷи мушаки гулӯ, беҳолу бемадорӣ, заъфи системаи асаб, бод гирифтани шикам, камиштиҳоӣ ва ғайра истифода мобаранд. Сус махсусан солҳои 50 асри 20, вақте бисёр олимони мамлакати мо ва хориҷӣ муайян карданд, ки доруҳои он ба захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта даво мебахшад, ба мубодилаи обу намак таъсир расонда, ҷудошавии Na, СI ва Н2О – ро бозмедорад ва ҷудошавии калийро метезонад, хеле маъмул гашт.

Ҳоло дар тиб асосан беху решапояи Сус (Radix Gyccyrrhizae)-ро истифода мебаранд. Решаи онро аввали баҳор ё тирамоҳ кофта мехушконанд. Сус ба таркиби доруи «Котермопс» дохил мешавад. Онро давои пешоброн ва исҳоловар меҳисобанд. Қиёми ғализаш доруи балғамовар аст. Сусро барои хуштаъм кардани доруҳо низ ба кор мебаранд. Сус дар саноати хӯрокворӣ, қаннодӣ, пивопазӣ ва ғайра низ аҳамияти калон дорад. Саноати хӯрокворӣ ҳар сол қариб 10 т қиёми Сус ва 250 т бехи онро истифода мебарад.

М. Хоҷиматов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …