Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СУРХОНДАРЁ

Вилояти СУРХОНДАРЁ

viloyati-surxondaryo

СУРХОНДАРЁ, вилоятест дар ҳайати Респубдликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон (аз 6 марти 1941). Масоҳаташ 20,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 1054 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 20%. 12 райони маъмурӣ, 8 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Тирмиз. Ҳудуди Сурхондарёро шохаҳои қаторкӯҳи Ҳисор ва пастхамиҳо (баландиашон 300— 400 м) фаро гирифтаанд. Ҳарорати миёнаи январ 3°С, июл 3241 Боришоти солона 120—130 мм, дар кӯҳҳо то 350 мм. Дарёҳо: Сурхон, Шеробод; каналҳо: Ҳазорбоғ, Қумқӯрғон, Занг, Шеробод. Дар Сурхондарё бештар истихроҷинефт, газ, ангишт, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати пахта, коркарди металл, хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Бештар пахта ва ғалладона (гандум, шолӣ) мекоранд. Боғдори, токдорӣ ва кирмакдорӣ низ ривоҷ ёфтаанд. Гӯсфандпарварӣ соҳаи муҳими чорводорист. Сурхондарё бо ордени Ленин («1967) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …