Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУРХМУРУД

СУРХМУРУД

СУРХМУРУД, як навъ муруди ҷойдорист. Дарахташ паҳншох, 10— 14 м қад мекашад. Пӯстлохи танаву шохҳояш хокистарии сиёҳтоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 5—7 см, бараш 4—4,5 ом), думчадароз (4— 5 см), мевааш миёна (вазни миёнаи яктоаш 63 г), пӯсташ саши сабзранг, тарафи офтобрасаш сурхча, мағзаш сафеди гулобӣ, нордон ё турш, қариб 10% қанд, 0,15% ҷавҳар дорад, моҳи сентябр мепазад. Дер намепояд. Асосан мехушконанд. Ниҳоли 6—8-содааш ба ҳосил медарояд. Дарахти 30-солааш ба ҳисоби миёна 120—130 кг ҳосил медиҳад. Асосан дар ноҳияи Сариосиёи Ресспубликаи Соети Сотсиалистии Узбакистон мепарваранд.

Адабиёт: Қосимов М. Навъҳои маҳаллии мурӯду нокҳо, Душанбе, 1971.

nok

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …