Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СУРХКӮҲ

СУРХКӮҲ

СУРХКӮҲ, қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарби Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, дар байни водии дарёҳои Элак (шохоби чапи Кофарниҳон) ва Вахш (обанбори Норак). Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи тақрибан 60 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 2963 м (к. Дарвоз). Қаторкӯҳ ба самти Ҷанубу Ғарб торафт паст шуда, дар наздикии шаҳри Норак ба ду шоха тақсим мешавад. Шохаи шимолиаш то ағбаи Зардолу (баландиаш 1610 м) кашол ёфта, дар он ҷо ба қаторкӯҳи Рангон мепайвандад.

Ю. С. Усков.

kuh

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …