Маълумоти охирин

СУРӮШ

СУРӮШ (авестоӣ — сраоша — фармонбарӣ), дар асотири эронии қадим ва маздоясно эзид (фаришта)-и фармонбарист. Дар Авесто «Сурӯшяшт» (қисми «Яштҳо») ва карда (фасл)-и 57 «Ясно» аз Сурӯш, амалу вазифаҳои ӯ сухан меравад. Дар қисмҳои дигари Авесто («Готҳо», «Хурд- Авесто», «Вандидод» ва ғайра) низ Сурӯш борҳо бо сифатҳои хуҷаста, нек, тавоно, пирӯзманд, хушандом, далер ва ғайра ёд мешавад. Сурӯш рӯзи растохез (қиёмат) ҳамроҳи Митра ва Рашн дар сари пули Чинвот (Сирот) ба доварӣ нишаста, ба кирдори ростон ва дуруғпарастон баҳо медиҳад. Вай монанди Митра доимо бедор аст, рӯзу шаб мардумро аз бадкирдорон — девон (масъалан деви Аешма — Хашм) бо гурзу шамшеру ханҷар посбонӣ мекунад. Нишемангоҳаш куҳи Албурз, дижаш ҳазорсутун ва ситоранишон мебошад. Сраошавареза (гумоштаи Сурӯш) хурӯс аст, ки бомдодон мардумро бедор мекунад. Аа ин ҷо зардуштиён хурӯсро азиз модоранд ва саҳархезиро хислати хуб мешуморанд. Дар адабиёти мутаахираи маздаясно Сурӯш монанди Ҷабраили исломӣ пайки эзидист ва гӯё ба Зардушт ваҳй меовардааст. Дар солшумории зардуштӣ рӯзи 17-уми ҳар моҳ номи Сурӯшро гирифтааст. Сурӯш чун пайки хушхабару муждарасон дар осори адибони классикии форс-тоҷик борҳо зикр шудааст.

Масъалан:

Ба фармони яздон хуҷаста Сурӯш,

Маро рӯй бинмуд дар хоб дӯш.

(Фирвавсӣ).

Даҳову диҳиш дораду мардумӣ,

Сурӯшест дар сурати одамӣ.

(Низомӣ)

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …