Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Суруди «ШӮРИШИ ВОСЕЪ»

Суруди «ШӮРИШИ ВОСЕЪ»

«ШӮРИШИ ВОСЕЪ», суруди таърихест, ки ба шӯриши Восеъ бахшида шудааст. Он аз 318 мисраъ ё аз 100 банди семисраию чаҳормисраӣ таркиб ёфтааст. Ҳар банд ба сари худ мустақил буда, ба ғояи умумии асар мувофиқат менамояд. Аксар ҷои бандҳо устувор нестанд ва ҳангоми сурудан вобаста ба хотири гуянда тағйир меёбанд. Дар «Ш. В.» сабабҳои иҷтимоии cap задани шуриши халқ ва муборизаи деҳқонон бар зидди зулму истисмори ҳокимони маҳаллӣ ва гумоштагони амири Бухоро тасвир ёфтааст. Қаҳрамони асосии «Ш. В.» Восеъ аст. Халқ дар бораи диловарию корнамоиҳои ин марди шуҷоъ бо муҳаббату эҳтироми беандоза сухан рондааст. Восеъ дар назари хонанда ҳамчун шахси далеру ҳақиқатталаб, халқпарвару хайрхоҳ ва душмани ашаддии зулму золимӣ намоён мегардад:

Восеъ даромад дар майдон.

Монанди шери биёбон,

Хонаи мира карда вайрон.

 

Восеъ марди майдонай.

Замину замон ларзонай

Беку қозӣ ҳайронай.

«Ш. В.» ягона суруди нисбатан мукаммали таърихӣ буда, дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик мавқеи махсус дорад. Намунаҳо аз «Ш. В.» зери сарлавҳаи «Таронаҳои халқ дар хусуси Восеъ» дар аввалин маҷм. «Адабиёти даҳанакӣ» (1934) дарҷ гардида буд. С. 1941 Л. Бузургзода ва Р. Ҷалилов маҷм. «Инъикоси шуриши Восеъ дар фольклор»-ро ба табъ расонданд, ки он сад банди ин суруд ва силсилаи хотироти иштирокчиёни шӯришро дар бар мегирад. Образи Восеъ дар эҷодиёти гӯяндагони халқӣ ва шоиру нависандагони тоҷик А. Фитрат, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, Бобоюнус Худойдодзода инъикос шудааст. М. Қаноат, Ғ. Мирзо, Б. Расо, М. Шералӣ, Зулфия ва диг. дар васфи у шеърҳо гуфтаанд.

Ад.: АсрорӣВ., Амонов Р.. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик, Д., 1980; Восеъома, Д., 1985.

В. Шермуҳаммадов, Ф. Эеҳниева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …