Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Суруди «САРКАШ»

Суруди «САРКАШ»

«САРКАШ», 1), суруди машҳури маросимии давраи Сосониён, ки ҳофизу бастакор Саркаш эҷод намудааст. Суруд Хусрави Парвизро тавсиф менамуд ва аз ин рӯ, дар асрҳои минбаъда санъаткорон ба он «Суруди Хусравӣ» ном доданд. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар дохили шӯъбаи «Ҳумоюн»-и «Дувоздаҳмақом», ки пас аз муқаддимаи «Ҳумоюн» иҷро мешавад. Саркаш барои гузариш ба қисматп овозии «Ҳумоюн» заминаи овозӣ фароҳам меовард.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …