СУРУД, шеърест, ки барои бо овози хуш хондан гуфта шудааст, як жанри мусиқии вокалист. Суруд нисбат ба дигар жанрҳои мусиқӣ аз ҷиҳати ритм шаклан устувор буда, меъёри (диапазон) овозиаш хеле васеъ аст. Ҳиссаҳои зарбии Суруд гуногунанд: 2/4, 3/4, 3/8, 5/4, 4/4, 6/8, 7/8 ва ғайра, ки ҳиссаҳои 6/8 ва 7/8 бешгар ба Сурудҳои рақсӣ мансубанд. Сурудҳо аз рӯи шакл, сохт, тарзи иҷро ва услуб халқӣ ва касбӣ мешаванд. Сурудҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа революсионӣ, иҷтимоӣ, лирикӣ ва гимнӣ, аз ҷиҳати сохт бошад, яковоза ва бисёровоза (хорӣ) мешаванд ва бо ҳамовозии созҳо ё бе онҳо иҷро мегарданд. Сурудҳои бисёровозаи хорӣ бештар ба русҳо, украинҳо, гурҷиҳо ва дигар халқҳои бародар хосанд.
Сурудҳои халқии тоҷики чун Сурудҳои халқҳои дигар мамлакатҳо ба ҷараёни меҳнат, рӯзгору маишати мардум вобаста буда, таърихи тӯлонӣ доранд. Сурудҳои қадима дар Авесто ва адабиёти паҳлавӣ ба назар мерасанд. Сурудҳои маросимию мавсимӣ («Наврӯзӣ», «Гулгардонӣ», «Сусхотун», «Ашаглон», «Майда-майдаё» «Мандоғ»), инчунин Сурудҳо дар тавсифи Офтоб, Моҳ, абр, борон, фаслҳои сол ва ғайра Сурудҳои қадимаанд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ Сурудҳои лирикӣ низ ҳастанд. Сурудҳои ҳаҷвӣ, маишию оилавӣ ва таърихӣ ҳам аз ҷумлаи Сурудҳои халқӣ мебошанд. Аксар Сурудҳои халқӣ муаллиф надоранд. Баъзан муаллифони матни Сурудҳо (масалан, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Туғрал, инчуниншоирони муосир) маълум бошанд ҳам, онҳо бо оҳанги халқӣ суруда шуда, бо номи Суруди халқӣ зикр мешаванд. Бо мурури замон бисёр Сурудҳо аз байн рафтаанд ва ё шаклу мазмунашонро дигар кардаанд. Сурудҳои «Мандоғ», «Майда-майдаё», «Ашӯлаи бофандагон» ва ғайра дар замони мо ҳамчун инъикоскунандаи рӯзгори гузаштагон садо медиҳанд. Сурудҳои маросими тӯи арӯсӣ — «Саломнома», «Шаҳ муборак», «Устои ланги сартарош», «Ёр-ёр», «Тӯёна», ҳамчунин «Болоӣ», «Сад доғ», «Духтари Ҳиротӣ», «Оҳу», «Усмаш намехом», «Сабзак» ва ғайра имрӯз ҳам маъмуланд.
Сурудҳои халқии тоҷикӣ шаклу сохти гуногун доранд. Баъзе Сурудҳо аз ду- се рубоӣ ё дубайтӣ, таронаҳо, ғазалҳо, мусамматҳо, маснавиҳо, қитъаҳо таркиб ёфтаанд («Мурғак», «Ялалӣ бобо, ялӣ» ва ғайра). Вазну қофияи ин навъ Сурудҳо ҳангоми бо оҳангашон сурудан ҳис мешавад. Дар ҳамаи Сурудҳо нақарот мавқеи муҳим дорад. Сурудҳои халқӣ аз авлод ба авлод ба тариқи шифоҳӣ гузаштаанд. Матни чавде аз онҳо «Саломнома», «Ёр- ёр», «Уштурбачаи ман», «Бобопи- рак», «Ғарибнома», «Мошоба», «Шоҳдухтар» ва ғайра дар баёзҳо, инчунин маҷаллаву рузномаҳои русӣ, ки солҳои 60 асри 19 дар Осиёи Миёна нашр мешуданд, ба назар мерасад. Бори аввал (соли 1899) якчанд Суруд ва навоҳои халқиро аз байни мардуми Бухоро мусиқишиноси рус С. Рыбаков дар зуғотаҳои магнитӣ сабт намуд. Пас аз Револютсия Кабири Сосиалистии Октябр гирдоварӣ, нашр ва тадқиқи Сурудҳои халқӣ, сабти овози ҳофизон ва навоҳои мусиқӣ ривоҷ ёфт,
Мардуми тоҷик дорои Сурудҳои сершумори касбӣ (китобӣ) мебошанд, ки онҳо ҳам таърихи дуру дарозе доранд. Намунаи барҷастаи Сурудҳои китобӣ «Шашмақом» ҳисоб меёбад, ки 252 суруду оҳангро дар бар гирифтааст. Матни Сурудҳои касбии асрҳои миёнаро дар девон ё куллиёти шоирон, тазкираҳо, баёзҳо, рисолаҳои мусиқӣ пайдо кардан мумкин аст. Револбтсияи Кабири Сосиалистии Октябр, табаддулоти иҷтимои ва маънавии солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ Сурудҳои навро ба миён оварданд. «Марши Ҳуррият»-и (1918) С. Айнӣ нахустин Суруди советии тоҷик аст, ки ба оҳанги «Марселеза» навишта шудааст. «Ленин — бародар, раҳнамо» (С. Вализода), «Озодии Шӯрои мо», «Ленин бобо шуд», низ дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ офарида шудаанд. Дар Сурудҳои солҳои 20—30 «Иди Октябр», «Ба Ленин», «Партизани Сурх», «Ба Стаханов», «Суруди ҷавонӣ», «Духтари Тоҷикистон» ва ғайра Револютсияи Октябрь, В. И. Ленин, Ватани озод, ҳаёти нав, қаҳрамонони арсаи меҳнат таранум шудаанд. Он солҳо шоирон шеърҳошонро ба оҳангҳои халқӣ ё классикӣ эҷод карда, дар аввали матн ба кадом оҳанг хонданашро ишора мекарданд.
Анъанаи Суруднависӣ дар рӯзҳои мо бо ҳамкории оҳангсозон ва шоирони советии тоҷик идома дорад. Сурудҳои эҷодкардаи бастакорон Ф. Шаҳобов, 3. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, X. Абдуллоев, А. Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов, мелодистон Ҳ. Бандишоев, М. Ҷумъаев, Д. Мӯъминшоев, А. Ҳасанов ва ғайра дар санъати мусиқии тоҷик мақоми хос доранд. В. Шермуҳаммадов,
И. Раҳимов.