Маълумоти охирин

СЮРРЕАЛИЗМ

СЮРРЕАЛИЗМ (франсузӣsurrealisme — реализми фавқулода), ҷараёни авангардистӣ дар адабиёту санъат, ки ибтидои асри 20 дар Франция пайдо шуда, пас дар Белгия. Чехословакия, Югославия, ШМА, Мексика, Япония паҳн шудааст. Нахустин асари назариявӣ доир ба Сюрреализм «Манифести сюрреализм»-и А. Бреточ (1924) ва нашрияи он «Lа revolution-Surrealiste») («Революцияи сюрреалистӣ», 1924—29) буд. Истилоҳи мазкурро бори аввал соли 1918 Г. Аполлинер истифода бурдааст. Сюрреализмдар системаи тафаккури бадеӣ ба ҷои муносибати оқилона дарҳам-барҳамии худсаронаро мегузорад; он зиндагиро дар асоси тахаюлоти мавҳум акс менамояд; ба инъикоси олами ботинӣ ва хобу хаёлот аҳамияти калон медиҳад. Сюрреализм дар таърихи маданияти буржуазии асри 20 ҳамчун таҳқир бар донишу идроки диалектикии инсон боқӣ монд.

surrealizm

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …