Маълумоти охирин

«СУРОҲ»

«СУРОҲ»          «А с-Суроҳмин-ас-Сиҳоҳ», луғати арабӣ ва форсӣ-тоҷикист, ки соли 1282 Абулфазли Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Умар ибни Холиди Қурайш таълиф кардааст. «Суроҳ» тарҷумаи мухтасари луғати машҳури тафсирии забони арабӣ «Ас-Сиҳоҳ» («Ас-Сиҳоҳ-ул-арабия»-и Ҷавҳарӣ Абӯнаср Исмоил мебошад. Муаллифи «Суроҳ» танҳо шеърҳоро ҳазф намуда, мисолҳои дигари «Сиҳоҳ»-ро нигоҳ доштааст. Дар «Суроҳ» ҳар як калимаи арабӣ бо як калимаи тоҷикӣ тарҷӯма шудааст. Вазни калимаҳои арабӣ, шаклҳои танҳо ва ҷамъ, масдар ва ё сифат будани онҳо ва ғайра бо нишонаҳои махсуси ҳарфӣ ва рақамӣ ишора шудаанд. Тартиби калимаҳо дар «Суроҳ» ба «Сиҳоҳ» монанд аст. Ҳарфи охир —боб ва ҳарфи якум фасли он боб мебошад. «Суроҳ» қариб 40000 воҳиди луғавии лексикаи забони арабии классикӣ, Қуръон ва ҳадисҳоро дар бар мегирад. «Суроҳ» дар таълифи луғатҳои минбаъда (масалан, «Тӯҳфат-ус-саодат», «Муайид-ул-фузало», «Мадор-ул-афозил», «Мунтахаб-ул-лушт» ва ғайра) сарчашмаи мӯътабар будааст.

В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …