Главная / Гуногун / СУРКОВ Алексей Александрович

СУРКОВ Алексей Александрович

surkov-a-a

СУРКОВ Алексей Александрович (13. 10. 1899, деҳаи Середнево, ҳозира райони Рыбински вилояти Ярославль —14. 06. 1983, Москва), шоири советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1925. Факултети адабиёти Институти профессураи сурхро тамом кардааст (1934). Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Асарҳояш аз соли 1918 нашр мешаванд. Дар шеър ва сурудҳои солҳои 30 Сурков қаҳрамонӣ ва фидокории мардум дар солҳои Ҷанги гражданӣ васф шудааст (маҷмуаҳои «Оғози суруд», 1930; «Ҷанги охирин», 1033; «Ҳамсолон», 1934; «Ватани ҷасурон», 1935; «Мо чунин ба воя расидем», 1940 ва ғайра). Дар беҳтарин шеърҳои солҳои ҷанг (суруди «Дар оташдони танг оташ валвала мекунад…» ва ғайра; Мукофоти давлатии СССР, 1946), ки ба маҷмуаҳои «Моҳи декабр дар назди Москва» (1942), «Ҳуҷум» (1943), «Россияи ҷазодиҳанда» (1944) ва ғайра дохилшудаанд, Сурков ба лирика руй оварда, хашму ғазаби умумихалқӣ, ғаму андӯҳ, саъю кӯшиши ҷанговаронро ба ғалаба ифода кардааст. Хотироти худро чун иштирокчии ҳаракати тарафдорони сулҳ дар маҷмуаҳои шеърҳои «Бигзор сулҳ дар тамоми ҷаҳон пойдор бошад!» (4950; Мукофоти давлатии СССР, 1951), «Шарқ ва Ғарб» (1967), «Суруд дар бораи инсоният» (1961), «Бахт чист?» (1969), «Баъди ҷанг» (1972) ва ғайра гирд овардааст. Ҳамчун тарҷумон низ маъруф аст. Дар китоби «Нидои аср» (1965) мақолаҳо ва нутқҳои ӯ доир ба масъалаҳои адабиёт ҷамъ оварда шудаанд. Бисёр шеърҳои Сурков ба забояҳои халқҳои СССР, аз ҷумла ба тоҷикӣва забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Сармуҳаррири «Литературная газета» (1944—46), журнали «Огонёк» (1945—63); солҳои 1962—78 сармуҳаррири «Краткая литературная энциклопедия». Номзад ба аъзогии Комитети Марказии КПСС (1956—66), аъзои Камиссияи марказии тафтишоти КПСС (1952— 56); Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 4—9) ва Совети Олии РСФСР (даъватҳои 2—3). Узви Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ (аз соли 1953). Котиби Иттифоқи НависандагониСССР (аз соли 1949; солҳои 1953—59 — котиби якум). Лауреати  Мукофоти байналхалқии ба номи Ботев (1976). Бо 4 ордени Ленин, 4 ордени дигар, ордени булғории Кирилл ва Мефодий, инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.

Осор: Собрание сочинение в 4-х томах, Москва, 1973.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …