Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи СУРХОБ

Дарёи СУРХОБ

surkhob

СУРХОБ, дарёест дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қирғизистон ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Болообаш дар ҳудуди Ресспубликаи Совети Сотсисалистии Қирғизистон. Қизилсу ном дорад. Тӯлаш 384 км; масоқ, ҳавзааш 22 690 км2. Сурхоб аз нишебии шимоли қаторкуҳи Паси Олой ибтидо ёфта, аввал дар водии васеи Олой ва пас дар водии танги байни қаторкӯҳҳои Олою Зарафшон ва Пётри Якум ҷорӣ мешавад. Пас аз ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Шохобҳои калонаш: Кӯксу, Ярхич, Сорбоғ, Сангикар, Қизилагин ва Муғсу. Манбаи оби дарё пиряху барфаст. Сарфи миёнаи об 258,7 м3/сон. Давраи обхезӣ май — сентябр. Дарё ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ, мормоҳӣ дорад.

Н. Худоиев, 3. Мусоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …