Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУРИЯГИҲО

СУРИЯГИҲО

СУРИЯГИҲО, арабҳои Сурия, миллат, аҳолии асосии Сурия. Шумораашон тақрибан 8 млн. нафар (1980). Зиёда аз 200 ҳазор Суриягиҳо дар мамлакатҳои гуногун (асосан дар Америкаи Ҷанубӣ) зиндагӣ мекунанд. Суриягиҳо бо шеваи суриягии забони арабӣ гап мезананд. Тақрибан 85% диндорон мусулмонон (асосан суннӣ) буда, боқимондаашон пайрави масеҳиятанд (православҳо, католикҳо ва ғайра). Як қисми Суриягиҳо сохти қабилавию авлодии худро нигоҳ доштаанд. Машғулияти асосии Суриягиҳо деҳқонию чорводорӣ буда, қисман дар саноат кор мекунанд. Нигаред низ Сурия, Арабҳо.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …