Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «СУРИ ИСРОФИЛ»

«СУРИ ИСРОФИЛ»

«СУРИ ИСРОФИЛ» журнали ҳафтаинаи адабию иҷтимоӣ ва ҳаҷвии эронӣ. Маи 1907— июни 1908 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳарриронаш Мирзо Ҷаҳонгирхони Шерозӣ ва Мирзо Қосимхони Табрезӣ буданд. «Сури Исрофил» соли 1909 дар Швейцария нашр мешуд (4 шумора, муҳаррираш Алиакбари Деҳхудо). Ҳамаги 32 шумораи ин маҷалла ба табъ расид. «Сури Исрофил» дар авҷи Инқилоби солҳои 1905—11 Эрон таъсис ёфта, сохти мутлақияти шоҳӣ, сиёсати истисморгаронаи давлатҳои империалистиро дар Эрон, ҷаҳолат, хурофот ва бездолатиҳои иҷтимоиро сахт ҳаҷву масхара менамуд. «Сури Исрофил» барои бедор намудани шуури мардуми Эрон ва кишварҳои ҳамсоя хидмати босазо кардааст.     Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …