Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СУРАТ-УЛ-АРЗ»

«СУРАТ-УЛ-АРЗ»

«СУРАТ-УЛ-АРЗ»    асари ҷуғрофии Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмист, ки солҳои 836—46 ба арабӣ таълиф шуда, дар бораи маҳалли ҷойгиршавии шаҳрҳо, куҳҳо, чашмаҳо, дарёю баҳрҳо ва ҷазираҳо маълумот медиҳад. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ бо номҳои «Расм-ур-рубъ-ул-маъмур», «Расм- ул-арз», «Расм-ул-маъмур мин-ал-би- лод» низ зикр шудааст. Муаллиф дар боби алоҳида ҷойгиршавии 573 шаҳру маҳалли паси иқлими ҳафтум ва дар боби дигар арзу тӯли 209 кӯҳро бо ҷадвалҳо нишон додааст.

«Сурат-ул-арз» дорои чор харита аст. Яке харитаи дарёи Нил буда, дуюмӣ шаклҳои гуногуни хати соҳилҳо мебошад. Ду харитаи дигар ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Муаллиф дар таълифи китоб аз «Дастур-ул-амали ҷугрофӣ»-и Батлимус истифода бурдааст. «Сурат-ул-арз»-ро соли 1926 шарқшинос Г. Мжик аз рӯи дастхате, ки соли 1037 китобат шудааст, ба табъ расонид. Баъзе ҷадвалҳои арзу тӯли ин асар баъди боздиди назари олимон ба «Ҷадвалҳои Толедо» дохил шуданд, ки онҳо дар асри 12 ба лотинӣ тарҷумашуда, дар тамоми Европа шӯҳрат пайдо карданд.    Ғ. Ғоибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …