Маълумоти охирин

«СУПОРИШ»

«СУПОРИШ», сурудест дар охири шӯъбаи якум (қисми насрӣ)-и мақомҳои «Шашмақом». «Супориш» аз сурудҳои дигари «Шашмақом» нисбатан кӯтоҳтар буда, хулосаи мавзӯи асосӣ ва воситаи иртиботи шӯъбаи якум ва дуюм аст. «Супориш» ду навъ аст: «Супориши аввалин» ва «Супориши охирин». Дар байни онҳо уфари мансуб ба мавзӯи асосӣ ҷой гирифтааст. Яъне тартиби ҷойгиршавиашон чунин аст: «Супориши аввалин», уфар, «Супориши охирин». Масалан, дар мақоми «Бузрук» «Супориш»-и аввалин бар матни:

Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд,

Зи чархаш диҳад Зӯҳра овози руд…

омада, баъди он «Уфари Уззол» ва сипас «Супориш»-и охирин тараннум меёбад, ки бар ин ғазал аст:

Машав «Бузург»-ҳавою ниёзоҳангбош,

Дар ин мақом ба «Уззол»-у «Наср»-ҳо пардоз.

«Супориш» дар «Шашмақом» ҳамеша бо зарби 2/4 иҷро шуда, дар ҳар мақом матн ва мавзӯи худро дорад. Матни «Супориш»-ҳо мувофиқан ба мавзӯи мақом интихоб шудааст. Дар мақоми«Ироқ» фақат як «Супориш»(Супориши Ироқ) амал дорад.    Я. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …