Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУПЕРФОСФАТ

СУПЕРФОСФАТ

superfosfat

СУПЕРФОСФАТ, нурии минералии фосфатдорест, ки онро барои ҳар гуна хок ва зироати хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд, Фосфори Суперфосфат дар ҳолати монофосфати калсий ва кислотаи фосфат маъмул аст. Суперфосфат гипс, фосфатҳои оҳан, алюминий, демиксиди силисий, пайвастҳои фтор ва дигар омехтаҳо низ дорад. Суперфосфатро дар натиҷаи бо кислотаи сулфат кор кардани фосфатҳои табиӣ (апатит ва фосфорот) ё консентрати апатит ҳосил мекунанд.

Са3(РO4)2 + 2Н2SO4 = Cа(Н2РO4)2 +  2CаSO4

Барои ҳосил намудани суперфосфати дучанда ба апатит ё фосфорит кислотаи фосфат таъсир мекунанд. Дар СССР Суперфосфатҳаи содда, дона-дона, дучанда, аммоннидор, мангандор, бордор ва молибдендорро истеҳсол мекунанд. Суперфосфати содда 14—19,5%; дучанда 45—48%; аммонийдор 14—19,5% Р2О5 ва мангандор 1,5— 2,5% Мn, бордор 0,1—0,3% В, молибдендор 0,1 Мо дорад. Суперфосфатро дар ҳама гуна хок (хусусан дар шӯрхок) ва барои тамоми зироат ба сифати нурии асосӣ истифода мебаранд.

Суперфосфатро ба хоки кислотанок бо омехтагии бӯр, оҳаксанг, орди фосфоритӣ ва ғайра меандозанд. Нигаред низ Оҳакандозӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …