Маълумоти охирин

СУОЛУ ҶАВОБ

СУОЛУ ҶАВОБ         яке аз санъатҳои маънавист, ки барои равшан ва таъсирбахш баён намудани фикру ҳиссиёт, хизмат мекунад. Суолу ҷавоб дар шеър бештар мушоҳида мешавад. Ин санъат шаклҳои гуногун дорад: шоир гоҳ ба худ суол дода, худ ҷавоб мегӯад, гоҳ қаҳрамонон бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд; баъзан чанд Суолу ҷавоб дар як мисраъ, гоҳ суол дар як мисраъ ва ҷавоб дар мисраи дигар меоянд.

Масалан;

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.

Тарсанда зи ки? Зи хасм. Хасмаш кӣ?     Падар.

Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.

Лаб буд? На. Чи буд? Ақиқ. Чун буд? Чу шакар.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …