Маълумоти охирин

СУННАТ

СУННАТ (арабӣ — роҳ, равиш, одат), қадас, маҷмӯи ривоятҳост дар боби зиндагӣ ва рафтору гуфтори Муҳаммад. Дар асрҳои 7—8 ба вуҷуд омада, баъди Қуръон дуюмин манбаи муқаддаси исломӣ эътироф шудааст.

koran-sunnat

Суннат аз ҳадисҳо иборат мебошад, ки дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқию ахлоқӣ ва таърихӣ гуфта шудаанд. Сараввал ҳадисро саҳобаҳои Муҳаммад — хешовандон, наздикон, муридон ва шогирдони ӯ мегуфтанд. Баъди саҳобаҳои пайғамбар шогирдони онҳо ҳадисҳои шунидаашонро нақл мекарданд. Ҳамин хел ҷамъоваранда ва азёдкунандагони ҳадис пайдо шуданд, ки онҳоро муҳаддисон меномиданд. Дар ибтидои асри 8 се манбаи махсуси илмуҳадис — Мадина, Ироқ ва Сурия ба вуҷуд омад.

hadith

Мувофиқи анъана ҳадис бояд аз ду қисм иборат бошад. Қиси аввалро иснод (номбар карданисилсилаи муҳаддисон) ва қисми дуюмро матн (мазмуни ҳадис) меноманд. Агар силсилаи муҳаддисон комил бошад, онро «ҳадиси саҳеҳ», агар дар силсила номи яке аз муҳаддисон қобили эътироф набошад, онро «ҳадиси ҳасан» ва агар дар силсила ба номи яке аз муҳаддисон шубҳа равад, онро «ҳадиси заиф» меноманд. Ба ҳамаи ин номгузориҳо нигоҳ накарда, муҳаддисон баробари аз ёд намудани ҳадисҳо худашон низ ҳадисҳои нав бофта мебароварданд, ин аз як тараф, бисёр догмаҳои дурушту зиддиятноки Қуръонро бо таълимоти фалсафии халқҳои тасарруфшуда иваз менамуданд, аз тарафи дигар, манфиатҳои синфи ҳукмрони феодалиро ифода мекарданд. Дар натиҷа шумораи ҳадисҳо хеле зиёд шуд. Аз ин рӯ, халифа Умар ибни Абдулазиз хост, ки онҳоро ба тартиб дарорад. Бо дастури ӯ ҳамаи ҳадисҳо дар 6 ҷилд ҷазмъоварӣ шуданд. Вале аҳли диёнатба ҳадисҳои ҷамъоваришуда «Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ» (номи дигараш «Саҳеҳ-ул-бухорӣ») -и Абдуллоҳи Бухориро (810—870) нисбатан мӯътабар медонанд. У аз 600 ҳазор ҳадисҳои мавҷуда фақат 7250 ҳадисро ҳақиқӣ дониста, дигарашро такрор ё бофта ҳисоб кардааст. Усули интихоби ҳадисхои ҳақиқӣ хеле содда буда, бештар ба мувофиқати мазмуни ҳадис ба Қуръон ва таърих асос ёфтааст. Дар он силсилаи муҳаддисон ба назар гирифта нашудааст. Дар «Ас-саҳеҳ»-и Муслими Нишопурӣ (817—075) аз 300 ҳазор ҳадис танҳо 12 ҳазор интихоб шудааст. Дар адабиёти динӣҳар ду асари ёдшуда мӯътабар дониста шуда, бо номи «Саҳеҳони» (яъне ду саҳеҳ) машҳур аст. Дар Суннат моҳияти идеологияи исломи ибтидоӣ, муносибатҳои синфии хилофат ва дигар зиддиятҳои иҷтимоии асрҳои 7—9 низ ифода ёфтаанд.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …