Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУНДУКЯН Габриэл Мкртичевич

СУНДУКЯН Габриэл Мкртичевич

sundukyan-g-m

СУНДУКЯН Габриэл Мкртичевич (11. 7. 1825, Тбилиси.—29. 3. 1912, ҳамон ҷо), нависанда ва драматурги арман. Яке аз асосгузорони реализми танқидӣ дар адабиёти арман. Университети Петербургро хатм намуда (1850) ба Тбилиси баргашт, муддате ба тарҷумюнӣ машғул шуд. Сундукян— яке аз ташкилотчиёни театри арман. Аввалин песаи Сундукян «Атсаи шаб — оқибаташ бахайр» (нашраш 1866) соли 1863 ба саҳна гузошта шуд. Баъди ин «Бесомонӣ» (1866, нашраш 1884), «Оскандар Петрович дар он дунё» (1866, нашраш 1899), «Дигарон ё ки Диогени Нав» (1869, нашраш 1907), «Боз як қурбонӣ» (4870, нашраш 1894), «Попо» (4874, нашраш 1876), «Хонаи вайроншуда» (1873, нашраш 1883), «Ҳамсарон» (1888, нашраш 1893) ва ғайра офарнда шуданд. Муҳимтарин асарҳои мансури Сундукян повести «Шаби Варенъка» (1877), фелетонҳои публицистии «Сӯҳбатҳои «Амал» ва «Сӯҳбатҳои Адид» мебошанд. Пъесаҳои Сундукян ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Театри драмаи Ереван номи Сундукянро гирифтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …