Маълумоти охирин

СУНБУЛ

СУНБУЛ, гули сунбул, ҳиацинт (Hyasianthus orientalis), гиёҳи бисёрсолаи пиёзбехест аз оилаи занбақиҳо. Пиёзакаш сафед ё бунафш (диаметраш то 3 см). То 40 см қад мекашад. 4—8-то барги тасмашакл (дарозиаш 15—20 см, бараш 1—4,5 ом) дорад. Хӯшагулаш 2-6- гулан осмониранг (Сунбули кишта то 40—80-то гул) дорад, ғӯзааш мудаввари сеқирраи сермағз, тухмаш гирдаи бӯри сиёҳтоб ё сиёҳ аст. Сунбули худрӯй дар ҷойҳои офтобраси нишебии кӯҳҳо ((Киштҳои баҳри Миёназамин) мерӯяд. Айёми гулаш 10—48 рӯз. Сунбул гули хушбӯест. Гули баъзе навъҳои Сунбул ҳалқа-ҳалқа аст.

sunbul

Ҳаҷм, ранг ва айёми гулшукуфтаги онҳо гуногунанд. Сунбул гули писандидаи мардуми Шарқ (азҷумла тоҷикон) аст.

Сунбулро то асри 15 дар Юнон ва бисёр кишварҳои Шарқ мепарваридаанд.

Сунбули шаҳло, Сунбули мушкин, Сунбули румӣ ва ғайра, навъҳои қадимаи сунбуланд. Ҳоло аз Сунбули худрӯй беш аз 400 навъ рӯёнидаанд.

Дар шароити реслубликаамон Сунбул феврал ба сабзиш сар мекунад, март — апрел мешукуфад; одатан тухм намебандад. Барои рушди мӯътадили Сунбул қитъаи офтобрӯя, хоки серпоруи регдор лозим аст. 1,5—2 моҳ пеш аз кӯчати пиёзак ба ҳар 1 м2 6—8 кг порухок, 100—150 г орди устухон, 80 —100 г оҳак андохта, заминро хуб шудгор мекунанд. Пиёзакро сентябр— аввали октябр ба чуқурии 10—45 см (фосилаи байни пиёзакҳо 15 см) мешинонанд. Дар давраи рушди Сунбулхокро мунтазам нарм, алафҳои бегонаро нест карда, об мемонанд ва ғизои иловагӣ медиҳанд. Пиёзаки Сунбулро охирҳои май — июн (баъди хушкидани баргашон) кофта мегиранд ва то даираи кӯчат дар хона (таҳҳона ё болохона) -и ҳарораташ мӯътадил нигоҳ медоранд.

Тухми Сунбулро барои рӯёнидани навъҳои нав истифода мебаранд. Ниҳоли аз тухм рӯидаи Сунбул баъди 6—7 сол мешукуфад.

Адабиёт:          Ҳоҷиматов М., ОлимовМ., Чаҳорбоғи гулҳо, Душанбе, 1979.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …