Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУНБОДА

СУНБОДА

sunboda

СУНБОДА, сумбода (санги сайқал), ҷинси кӯҳии кристаллист, ки аз доваҳои майдаю маҳини корунд ва дигар минералҳо (магнетит, сулфидҳо ва абрақҳои мӯрт) таркиб ёфтааст. Қариб 60% таркиби онро корунд ташкил медиҳад. Сахтиаш аз рӯи шкалаи минералоги 7—8. Сунбода бештар дар байни мармар дар шакли линза, шток ва ғайра, баъзан дар байни габбро, норит, гранит ва дар ҷои баҳамрасии ин ҷинсҳо ҳамчун ксенолит вомехӯрад. Аз Сунбода санги чарх тайёр мекунанд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …