Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СУМЫ

Шаҳри СУМЫ

sumi-city

СУМЫ, шаҳрест дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина, маркази вилояти Сумы. Дар соҳили дарёи Псёл воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 252 ҳазор нафар (1984). Сумы— маркази муҳими саноати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина. Соҳаҳои асосии саноаташ мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворист. Корхонаҳои калонтаринаш: заводи мошинсозии ба номи М. В. Фрунзе (барои саноати химия таҷҳизот мебарорад), заводҳои насос, микроскопҳои электронӣ, компрессорҳои вазнин, чӯянгудозӣ, қанд, ликёру арақ, шир ва комбинати гушт. Дар Сумы фабрикаҳои моҳут, дузандагӣ, пойафзол, иттиҳодияи истеҳсолии «Химпром», комбинати масолеҳи бинокорӣ ва корхонаи мебелсозӣ мавҷуданд. Шаҳр инчунин институти педагогӣ, филиали Институти политехникии Харков, 6 техникум, 3 омӯзишгоҳ, 2 музей, театри драмаи мусиқӣ ва филармония дорад. Соли бунёдаш 1652.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …