Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУМДОРҲО

СУМДОРҲО

СУМДОРҲО (Ungulata), як гурӯҳ ҳайвонҳои ширхӯрро гӯянд. Сумдорҳоба 5 қатор тақсим мешаванд: тоқсумҳо, ҷуфтсумҳо, фил, сирепҳо ва даманҳо. Ангушташон аз 1 то 5-то. Сумдорҳо аз ҳайвонҳои сумдори мунқариз — кондиляртрҳо пайдо шудаанд. Аз ҳайвонҳои хонагӣ ба Сумдорҳо асп, хар, чорвои шохдору бешох, гуроз, шутур, гавазн ва ғайра мансубанд. Сумдорҳо дар ҳамлаи қитъаҳо (ғайр аз Антарктида) зиндагӣ мекунанд. Сумдорҳоро ба Австралия ва Зеландияи Нав аз дигар маҳалҳо овардаанд. Дар Тоҷикистон 7 намуди Сумдорҳои ваҳшӣ (архар, оҳу, гуров, нахчир, морхур, ҷирон, холгул ва ғайра) маскун мебошанд. Онҳо аз туғайзорҳои соҳили дарёҳои Вахшу Панҷ то минтақаи баландкӯҳ (300— 5000 м аз сатҳи баҳр) паҳн шудаанд. Вақтҳои охир бо сабабҳои тағйири иқлим ва ривоҷ ёфтани шикор саршумори Сумдорҳо торафт кам шуда истодааст. Дар айни замон 571%-и онҳо (ғизол, нахчир, морхур ва ғайра) ба Китоби сурхи Иттифоқи Байналхалқии муҳофизати табиат (МСОП), СССР ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

А. И. Соков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …