Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи СУЛУИСТИҚ

Дарёи СУЛУИСТИҚ

СУЛУИСТИҚ, дарёест дар Помири Шарқӣ (ноҳияи Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ), калонтарин шохоби чапи дарёи Оқсу. Сулуистиқ аз васли дарёҳои Истиқ ва Бошбулоқ, ки оби онҳо аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Вахон ҷорӣ мешавад, ба вуҷуд омадааст. Тӯлаш 115 км, масоҳати ҳавзааш 1330 км2. Тобистон пуроб (июл — автономӣ то 20 м3/сон) ва зимистон камоб мегардад. Аз миёнаҳои декабр то охири март ях мебандад.

Ю. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …