СУЛТОНМУҲАММАДИ УДИИ САМАРҚАНДИ ҳофиз, мусиқишинос, оҳангсоз ва навозандаи (форс-тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Удии Смарақандӣ чанд муддат дар ҳузури Абдурраҳмони Ҷомӣ таркиботи назарияи мусиқиро омӯхта, рисолае (то замони мо нарасидааст) ба ӯ бахшидааст. Вай барои уд чанд оҳанг («Пешрави Удӣ», «Кор ба савти Сегоҳ» «Нақши Ироқ», «Амали саҳро» ва ғайра) эҷод нардааст. Шӯҳраташро шунида, ӯро ба дарбори ҳокими Бағдод даъват кардаанд. Султонмуҳаммади Удии Смарақандӣчанд муддат дар Бағдод зиста, сипас ба зодгоҳаш баргашта ҳамон ҷо аз олам гузаштааст.