Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР

СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР

СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР (4470—1533), хаттоти форс-тоҷик. Аслан аз Ҳирот, котибидарбори Султон Ҳусайни Бойқаро буд. Ҳамасронаш СултонмуҳаммадиНурро дар ранганависӣ (истифодаи якчанд ранг) ва таҳрир мумтоз донистаанд. Муаллифи китоби «Муроот-ул-олам» дар ин хусус навиштааст; «Хатшиносони он замон мӯътақиданд, ки хафиро беҳ аз ӯ касе нанависад». СултонмуҳаммадиНурро баъзеҳо «Азҳари сонӣ» лақаб додаанд. Аз нусхаҳои китобати СултонмуҳаммадиНур як нусха «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ (санаи китобаташ соли 1628, дар Китобхонаи датлатии Эрон, Теҳрон), «Мунтахаби ашъор»-и Саъдии Шерозӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ (1518, ҳамон ҷо), девони Ҳофизи Шерозӣ (дар Китобхонаи мачлиси шӯрои миллӣ, Теҳрон), «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (ҳамон ҷо) мебошад. СултонмуҳаммадиНур шеър ҳам менавиштааст, ки намунаҳояш боқӣ мондаанд.            А. Нуров, И. Калонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …