Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУҲАММАД

СУЛТОНМУҲАММАД

СУЛТОНМУҲАММАД (соли таваллуд номаълум — вафот 1572, Самарқанд), муаррих, фақеҳ, сайёҳ ва мутарҷими форс-тоҷик. Дар маҳалли Кӯҳаки Самарқанд ба дунё омада зивдагӣ кардааст. У дар оила савод бароварда ва дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсил намуда, аз аксар илмҳои замона баҳравар гашт. Чанд муддат дарсгӯӣ кард. Султонмуҳаммадро бо унвони Кӯҳакӣ ва Ҳофизи Кӯҳакӣ ва барои муддате дар Тошкент буданаш бо номи Ҳофизи Тошканди ёд кардаанд. Мероси ӯ аз «Рисола фӣ фанн-ит-тафсир ва-л-усул ва-л-фу-рӯъ ва-л-мантиқ вал-калом» («Рисола доир ба қавоиди асосҳои дин, фиқҳ, мантиқ ва калом»), «Таърихи чингиз» иборат аст. Тарҷумаи «Таърихи Туркистон»-и муаррих Муҳаммед ибни Инъом (асри 10) аз тоҷикӣ ба туркӣ мансуб ба қалами уст.

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …