Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМАҲМУДИ ҲИРАВӢ

СУЛТОНМАҲМУДИ ҲИРАВӢ

СУЛТОНМАҲМУДИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асрҳои 15—16). Баъзе тазкиранависон ӯро Бухороӣ номидаанд, Фарзанди хаттоти номӣ Иброҳими Астарободист. Султонмаҳмуди Ҳиравӣ аслан аз Ҳирот аст. Шояд ӯ низ ҳамроҳи устодаш Миралии Ҳиравӣ ба Бухоро рафта, он ҷо муқим шуда, нисбати Бухороиро гирифта бошад. Аз рӯи маълумоти Мустафо Алии Чалабӣ дар «Маноқиби ҳунарварон» Султонмаҳмуди Ҳиравӣ дар хати настаълиқ ҳунарманд буда, дар тазҳиб низ маҳорат доштааст. Аз осори хаттотии ӯ «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ боқист.

А. Нуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …