Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ, давлати феодалие буд дар Ҳиндустон (1206— 1526). Пойтахшаш шаҳри Деҳли. Соли 1206 соарлашкар ва волии Муҳаммади Ғурӣ дар Ҳиндустон Қутбуддини Ойбек (1208—10) худро султони Ҳиндустони Шимолӣ эълон намуд. Парокандагии сиёсати Ҳиндустондар асри 12—ибтидои асри 13 ва хавфи аз тарафи муғулхо истило шудани ин сарзамин боиси қувват гирифтани ҳокимияти султонҳои Деҳлӣ гардид. Ҳудудҳои Султонии Деҳлӣ дар аҳди Алоуддини Ҳилҷӣ (1236—11316) басо вусъат ёфтанд.

Асоси иқтисодии ҳокимияти феодалони Султонии Деҳлиро заминдории феодалӣ ташкил мекард. Дар асрҳои 13—15 шакли асосии заминдорӣ иктоъ буда, дар асрҳои 14—15 замин ба мулки меросии феодалон табдил ёфт. Султонии Деҳлӣ дар миёнаҳои асри 14 рӯ ба таназзул ниҳода, баъди юриши Темур ба Ҳиндустон (1398—99) бисёр мулкҳои он (Гуҷарот, Малва ва ғайра) ба ҳокимияти марказӣ ҷудо шуданд. Султонии Деҳлиро соли 1526 Темуриёни Ҳинд истило карданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …