Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУЛТОНӢ

СУЛТОНӢ

sultani

СУЛТОНӢ, ҷавз, оқпар, шакарак, як навъ ангури миёнсолию дерпазакро гӯянд. Селекцияи халқӣ.

Асосан дар раёнҳои водии Ҳисори Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Сурхандарё, Тошкенти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, ноҳияҳои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон маъмул шудааст. Токаш тезсабз, 25- 30%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна ва калон (бараш 17— 22 ом, дарозиаш 17—22 см), панҷпарраи байзашакл ё мудаввар, хушааш миёна ва калон (дарозиаш 16,5—27 см, бараш 10—17 ом), зич, 250—400 г ва баъзан то 1000 г. Донааш калон (дарозиаш 25—27 мм, бараш 19—25 мм), мудаввар, сергӯшти ширин, пусташ миёна, 1—2 тухм дорад. Баъди пухтанзарди сабзранг, 22—23% қанд ва 4—4,5% г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 148—154 рӯз. Аз ҳар га андаряк 190 —200 с ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ, майкашӣ ва хушкондан истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …