Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ

СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ

СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ Низомуддин (тақрибан соли 1432, Машҳад —1520, ҳамон ҷо), бузургтарин хаттот ва музаҳиби форс-тоҷик, устоди хати настаълиқ. Дар давраи зиндагиаш бо лақабҳои «Қиблатулкуттоб», «Зубдатулкуттоб», «Султонулхаттотин», «Котибуссултони» машҳур гаштааст. Падараш Муҳаммад аз тоҷикони илмдӯсту ҳунарманди Машҳад буд. Султоналии Машҳадӣ то 20 солагӣ дар яке аз мадрасаҳои Машҳад таҳсил карда, ба хушвависи машҳур Азҳари Хаттот (вафот байни солҳои 1475—76) таълим гирифт. Баъд ба Ҳирот даъват шуда ба китобати осори саромадони адабиёти форс-тоҷик пардохт; баъдиба дасти Шаҳибеки Узбак гузаштани салтанат Султоналии Машҳадӣ маҷбур шуда, ба зодгоҳаш бармегардад. Дар ҳамон ҷо вафот мекунад. Қабраш дар Машҳад.

Зиёда аз сӣ асари китобаткардаи Султоналии Машҳадӣ ҳоло дар калонтарин китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ ва хориҷа маҳфуз аст. Далели маҳорати ӯ дар кандакорӣ ва ҳаккоки (миқдори зиёди катибаи санги қабрҳо), инчунин навиштаҷоти пештоқу девори биноҳост. Миралии Ҳиравӣ, Султонмуҳаммади Хандоч, Султонмуҳаммади Нур, Зайнуддин Маҳмуд, Муҳаммади Абрешимӣ ва Шоҳмаҳмуди Нишопурӣ аз ҷумлаи машҳуртарин шогирдони ӯянд. Султоналии Машҳадӣ шоир низ будааст. Яке аз асарҳои манзумиСултоналии Машҳадӣ бо унвони «Сирот-ус-сутур», «Сиротул-хат», ва «Мидод-ул-хутут» («Рисолаи манзум дар илми хати настаълиқ») маъмул аст. Э. Оқилов. СУЛТОНАЛИИ САБЗИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 16). Яке аз устодони хати настаълиқ. Ба сабаби чашмкабуд буданаш нисбати Сабзро гирифтааст. Хондамир дар «Хулосат-улахбар» менависад: «Мавлоно Султоналии Сабз аз машоҳири настаълиқнвисон аст ва ба мазиди ҳусни хат саромади аксари эшон». Султоналии Саби Ҳиравӣ дар китобхонаи Алишери Навоӣ ба китобат машғул будааст. Бино ба маълумоти муаллифи тазкираи «Хушнависон ва ҳунармандон» Фикрии Салҷуқӣ ду китоб бо имзои Султоналии Саби Ҳиравӣ— яке «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ дар Теҳрон ва дигаре «Хамса»-и мусаввари Низомии Ганҷавӣ дар захираи хусусии Гӯён Эътимодӣ (дар Кобул) маҳфузаст.        А. Нуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …