Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОН ВАЛАД Муҳаммад Баҳоуддин

СУЛТОН ВАЛАД Муҳаммад Баҳоуддин

СУЛТОН ВАЛАД Муҳаммад Баҳоуддин (1226, Қаромон—1312, Қунил), шоири мутасаввиф. Писари Ҷалолуддини Румӣ. Пас аз касби камол ба ҷои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид.

Ба қалами Султон Валад девони ашъор, маснавви «Валаднома» (1299—1302) ва рисолаи «Маорифнома» мансубанд. «Валаднома», ки сужети ягона надорад, дорои 25 ҳазор байт буда, аз се қисм — «Ибтидонома», «Рубобнома» ва «Интиҳонома» иборат аст. Дар он вазъҳои Султон Валад оид ба масоили тасаввуфу ирфон дарҷшудаавд. Дар қисмҳои 1 ва 3-и «Валадлома» 235 байт ба забоии туркӣ («ашъори салҷуқӣ») мавҷуданд, ки сароғози назми туркӣ ба шумор мераванд (соли таълиф 1301). Дар «Валаднома» байтҳое ба забони юнонӣ ҳам вомехӯранд, ки Султон Валад онхоро барои шиносонидани юнониён бо таълимоти тасаввуфии худ навиштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …