Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУЛҲИ БРЕСТ (1918)

СУЛҲИ БРЕСТ (1918)

СУЛҲИ БРЕСТ (1918), сулҳномаест, ки Россияи Совети ва Германия, Австрия-Бенгрия, Туркия, Булғория 3. 3. 1918 дар Брест — Литовск имзо кардаанд. Онро 15. 3. 1918 Съезди 4-уми Фавқулодаи Умумироссиягии Советӣ ва 26. 3. 1918 императори Германия Вилгелми II тасдиқ карданд. Мувофиқи Сулҳи Брест Полша, Наздибалтика, қисмҳои ҷудогонаи Белоруссия ва Закавказия ба ихтиёри Германия гузаштанд. 27. 8. 1918 дар Берлин байни Россияю Германия созишномаи молиявие имзо шуд, ки мувофиқи он Россия мебоист 6 млрд марка товони ҷанг (коитрибуция) диҳад. Баъди дар Германия сарнагун шудани ҳокимияти кайзер Вилгелми II Ҳукумати Советӣ шартномаи Брестро бекор кард (13. 11. 1918).
sulhi-brest

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …