Маълумоти охирин

СУЛБИЯ

СУЛБИЯ, сафедпардаи чашм, склера, байзия, пардаи берунии чашмро гуянд, ки аз бофтаҳои ғафсу зич иборат буда, вазифаи такягоҳ ва муҳофизатро иҷро мекунад. Дар таркиби Сулбияи аксар ҷонварони мӯҳрадор бофтаи тағояки паҳнакҳои устӯхонӣ мавҷуд аст, ки ҳалқаи сулбияшро ташкил медиҳанд (ғайр аз наҳанг ва обхокиҳою ширхӯрҳо). Сулбияи чашми одам аз бофтаҳои ғафси сернах иборат мебошад. Байни нахҳо (коллагенӣ ва эластӣ) ҳуҷайраҳои бофтаҳои пайвасткунанда ва дар баромадгоҳи асаби босира хуҷайраҳои пигментӣ (меланоситҳо) ҷой гирифтаанд. Ба сатҳи берунии Сулбия пайҳои мушакҳон муҳаррики чашм пайваст мебошанд.

sulbiya

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …