Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОНОВА Ҳалимахон

СУЛАЙМОНОВА Ҳалимахон

СУЛАЙМОНОВА Ҳалимахон (таваллуд 30. 6. 1907, деҳаи Ойшахонуми ноҳияи Олтинкӯл, вилояти Андиҷосни Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1947). Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1933- 35 колхозчӣ. 1935 —50 сардори звенои пахтакорӣ, 1950—68 колхозчии колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин ва аз соли 1968 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Сулаймонова солҳои 1945—47 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Депутати Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати 1). Бо 3 ордени Ленин, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …