Маълумоти охирин

СУККОН

СУККОН, рули киштӣ, дастгоҳест, барои дар самти муайян нигоҳ доштани ҳаракати киштӣ ва гардондани он. Одатан пластинаи шороест (перои Сукон), ки дар гирди меҳвари намудӣ тоб мехӯрад. Ҳангоми тоб додани Суккон дар сатҳи он қувваҳои гидродинамикие ҳосил мешаванд, ки самти ҳаракати киштиро дигар мекунанд. Сукконро дар дунболи кишти, баъзан дар қисми пеши он (масалан, дар паромҳо) ҷо медиҳанд. Киштии зериобӣ ғайр аз Суккони амудӣ боз бо Сукконҳои уфуқӣ ҷиҳозонида мешаванд, ки барои идораи ҳаракати амудии киштӣ хизмат мекунанд. Вобаста ба вазъи перои Сукконҳо нисбат ба меҳвари чархзанӣ онҳо муқаррарӣ, балансирӣ ва нимбалансирӣ мешаванд.

sukkon

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …