Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУКАРНО

СУКАРНО

sukarno

СУКАРНО (Sukarno) (6. 6. 1901, Сурабая—21. 6. 1970, Ҷакарта), ходими ҷамъиятӣ ва сиёсииИндонезия. Аз оилаи муаллим. Соли 1925 Институти технологияи Бандунгро хатм вамуд. Сукарно дар таъсиси Партияи миллии Индонезия (1927) фаъолона ширкат карда, аввалин раиси он гардид. Барои иштироки фаъолонааш дар муборизаи зидди мустамликадорони Голландия 1929—39 ва 1933-42 дар маҳбас ва бадарға буд. 17 августи 1945Сукарно аз номи халқи Индонезияистиқлолияти мустамликаҳои Нидерланд — Ҳиндустон, Голландия, инчунин таъсиси Республикаи Индонезияро эълон кард ва аввалин президенти он шуд. Яке аз ташаббускорони конференцияи Бандунг (1955). Дар натиҷаи ба сари ҳокимият омадани гурӯҳи рости ҳафбиён Сукарно маҷбур шуд, ки ваколати президентро расман ба Сухарто супорад (20 феврали 1967). Лауреати Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халкҳо» (1960).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …