Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУКАЧЕВ Владимир Николаевич

СУКАЧЕВ Владимир Николаевич

sukachev

СУКАЧЕВ Владимир Николаевич (7. 6. 1880, деҳаи Александровкаи губернияи Харков —9. 2. 1967, Москва), ботаник, ҷангалшинос ва геаграфи советӣ; академики Академияи Фанҳои СССР (1943; аъзо-коррспондент 1920),

Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1965). Аъзои КПСС аз соли 1937.

Институти ҷангали Петербургро (1902) хатм намудааст.

Дар системаи Академияи ФанҳоиСССР Институти ҷангалро ташкил (1944, алҳол Институти ҷангалу чӯби ба номи В. Н. Сукачёви Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои СССР дар Красноярск) кард.

Сукачёв асосгузори биогеосенология, яке аз асосгузорони таълимот дар бораи фитосеноз, бунён, тасрифот, динамика ва алоқаи он бо муҳит ва олами ҳайвонот мебошад. Асарҳояш ба ботлоқшиносӣ, дендрология, геоботаника, систематикаи растаниҳо ва омӯзиши шаклҳои табиии онҳо оиданд.

Сукачёв президенти Ҷамъияти табиатшиносони Москва (1955—67), аъзо ва ташкилкунандаи Ҷамъияти ботаникҳои умумироссиягӣ (1915; алҳол Ҷамъияти умумиитифоқии ботаникҳо; солҳои 1946—67 президенти фахрии он). Аъзои Академияи Фанҳои Полша (1959), аъзо-корспонденти Академияи зироати Чехословакия (1927). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳои тиллои ба номи Н. М. Пржевальский, П. П. Семёнов-Тян-Шанокий, В. В. Докучаев мукофатонида шудааст.

Асарҳо: Избр. тр. т. 1—3, Ленинград, 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …