Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абӯлфутӯҳ

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абӯлфутӯҳ

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абӯлфутӯҳ Яҳё ибни Ҳабаш ибни Амирак (тақрибан 1153, Сӯҳраварди Эрон —29. 7. 1191, Ҳалаб), файласуфи форс-тоҷик, муассиси ҷараёни фалсафии ишроқия (мулаққаб ба Шайхулишроқ ва Шайхулмақтул). Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба Мароға сафар намуд, он ҷо аз устодаш Маҷдуддияи Ҷилӣ улуми динва ҳикматро омӯхт ва бо Фахруддини Розӣ шинос шуд. Ваъд ба Исфаҳон омад ва осори Абӯалии Сино ва «Басир»ри Ибии Саҳноро омӯхт. Сӯҳравардӣ китоби Абӯалии Сино «Ишорот ва танбеҳот», рисолаи «Ғайр»-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда, «Ишорот»-ро шарҳ дод. Китоби «Ғурбат-ул-ғарбия»-ро дар идомаи рисолаи «Ҳай ибни Яқзон»-и Сино навишт. Дар Исфаҳон бо дастнависи китоби «Ҳашмат-ул-матриқийин»-и ӯ шинос шуд ва аз он илҳом гирифта ба офаридани системаи нави фалсафӣ пардохт.
Таълимоти фалсафииСӯҳравардӣ асосан дар китоби «Ҳикмат-ул-ишроқ» (соли 1186) баён шудааст. Ақидаҳои фалсафии Сӯҳравардӣ таҳти нуфузи зардуштия, машшоия, навафлотуния ва калом ташаккул ёфтаанд. Дар синни тақрибан 36—З7-солагӣ бо фатвои фақеҳон ва амри Малик Салоҳуддини Аюбӣ Сӯҳравардӣ ба куфру илҳод муттаҳам шуда, дар қалъаи Ҳалаб ба қатл расид.
Ё. Одинаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …