Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба Зиёуддин (1097, Сӯҳраварди Эрон—1167 Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони силсилаи Сӯҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омад. Баъди касби улуми расмӣ фиқҳи шофеиро аз Асадии Миҳонӣ омӯхта, муддате дар мадрасаи Низомия мударрис шуд. Аҳмади Ғазолиро дар тариқат муршиди худ медонад. Муддате дар Димишқ зиндагӣ карда, поёяи умрашро дар Бағдод гузаронидааст.
Аз осораш рисолае бо номи «Одоб-ул-муриддин» боқӣ мондааст, ки шомили усули ақоИди сӯфия ва таълимоту назариёти Сӯҳравардӣ дар боби одоби муридон мебошад. Бино ба ин асар Сӯҳравардӣ дар фиқҳ тарафдори аҳли ҳадис будааст. Ба ақидаи Сӯҳравардӣ ишқи инсонӣ оғози тасаввуф ва ишқи илоҳӣ анҷоми он аст. Аз ин рӯст, ки илм муродро кашф мекунад, амал талабро мерасонад ва муҳаббат ғояти амал мебошад.
Пас аз вафоти С. Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммади Сӯҳравардӣ тариқати ӯро инкишоф дод. Ё.Одинаев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …